ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Submitted by admin on Mon, 04/03/2024 - 14:56

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва бонувони сохторҳои кумита бахшида ба Рӯзи модар чорабинии бошукўҳи ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар оғоз раиси кумита Саид Нуриддин Саид иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин ҷашни зебои баҳор табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки модар – тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Submitted by admin on Thu, 29/02/2024 - 23:05

29 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд.

 

Дар маҷлис ҳисоботи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои 2018-2023 шунида шуд.

 

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 29/02/2024 - 23:04

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

 

аз 29 феврали соли 2024 №117

ш. Душанбе

 

Дар бораи аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи

А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

озод намудани Раҳмонов З.Ҳ.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Раҳмонов Зарулло Ҳусенович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллӣ таъйиноти кадрӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Thu, 29/02/2024 - 16:18

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

 

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин шуданд.