Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXIII Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд
28 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шуро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаласаи XXIII Шуро баргузор гардид.