Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим
Муҳтарам хонум Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон.
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои баргузории иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, рӯ ба рӯйи пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об дучор мешавад.