Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доираҳои тиҷоратии Русияро ба ҳамкорӣ дар коркарди захираҳои мамлакат даъват намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ доираҳои тиҷоратии Русияро ба ҳамкорӣ дар коркарди захираҳои мамлакат даъват намуданд.
Сарвари давлат, аз ҷумла тазаккур доданд, ки дар Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, мебошанд.