Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Submitted by admin on Mon, 10/07/2023 - 11:45

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии қатъиятон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бипазиред.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Mon, 10/07/2023 - 11:44

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Дар рафти суҳбат натиҷаҳои интихоботи президентии дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузоргардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ноиби президенти Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ Лудгер Шукнехт: «Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо ва навсозии неругоҳҳоро татбиқ менамоем»

Submitted by admin on Mon, 10/07/2023 - 11:43

17 майи соли 2023 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лисун дар Пекин изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои фоиданок, маблағгузории минбаъдаи рушди «инфрасохтори сабз» дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, манзиливу коммуналӣ, хизматрасонӣ ва идораи шаҳр тамоми имконият ва захираҳоро дорад.

Иштирок дар ҷашни Тиргон, иди зардолу ва асал дар шаҳри Хуҷанд

Submitted by admin on Sat, 08/07/2023 - 14:52

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Пешниҳоди дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, раванди омодакунии маҳсулоти гуногун аз зардолу ва намоишҳои фолклорӣ чорабиниро ба базмгоҳи ҳақиқии фараҳу хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватану фаровонии ҳосили зироати кишоварзӣ табдил дода буд.