Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд

Опубликовано admin - пт, 21/08/2026 - 11:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.

Намоишгоҳ, ки бо тарҳи ҷолибу диданӣ ороста гардида буд, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули заҳмати пайвастаи деҳқонону кишоварзон ва ҳунари волои занону кадбонуҳои ноҳияро ба таври возеҳ инъикос мекард.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид

Опубликовано admin - пт, 21/08/2026 - 10:59

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамчунин, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид.

Аз ҷумла, лоиҳаи Маркази ташхисию табобатии «Сино Мед», ки дар маркази ноҳия бунёд мегардад, пешниҳод шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд

Опубликовано admin - пт, 21/08/2026 - 10:58

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод, пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, як қатор иншооти муҳимми иҷтимоиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пт, 21/08/2026 - 10:56

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар арафаи оғози соли нави таҳсил туҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин муассиса арзёбӣ гардид.