Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 10:15

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 10:10

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд.

Корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардида, дар таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ қадами муҳим хоҳад буд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 09:55

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 09:36

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва як толори маҷлисӣ бо 45 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.