Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Опубликовано admin - вт, 25/08/2026 - 18:38

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.    

Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд

Опубликовано admin - вт, 25/08/2026 - 11:59

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - пн, 24/08/2026 - 12:26

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукӯҳи Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 21/08/2026 - 21:31

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Варзишгоҳи миллии нави пойтахтро (Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавриди истифода қарор доданд.