Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим»-и ноҳияи Ховалинг бо нашъунамои картошка шинос шуданд

Submitted by admin on Tue, 20/06/2023 - 16:35

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои корами Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Карим”-и ноҳияи Ховалинг бо нашъунамои картошка шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносиро ба истифода доданд

Submitted by admin on Tue, 20/06/2023 - 12:50

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносиро ба истифода доданд.

Иншооти нав дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати муваффақи фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Маркази ташхисию табобатиро ифтитоҳ намуданд

Submitted by admin on Tue, 20/06/2023 - 12:49

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисию табобатиро дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд

Submitted by admin on Tue, 20/06/2023 - 12:48

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.

Иншооти нав дар масоҳати 260 метри мураббаъ бо тарҳу усули муосири меъморӣ ва мувофиқ ба меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ бунёд карда шудааст.