Дар Ашқобод нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор мегардад
26 июл тавассути видеоконфронс машваратҳо байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон- Рашид Мередов ва Узбекистон- Бахтиёр Саидов баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки аввали моҳи августи имсол дар Ашқобод баргузор мешавад, баррасӣ шуд.