Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд

Submitted by admin on Tue, 04/07/2023 - 17:26

4 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.

Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судмандро дар доираи Созмон баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Аз 1 июл маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд гардид

Submitted by admin on Tue, 04/07/2023 - 10:18

Аз 1 июли соли равон  маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Tue, 04/07/2023 - 10:17

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
озод намудани Солӣ Рустам

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Соли Рустам бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти ватаниро дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон баргузор менамояд

Submitted by admin on Mon, 03/07/2023 - 20:14

Баргузор намудани намоиши молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти ҳайати вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.