ТИРГОН — ҶАШНИ РАСИШИ ГАНДУМ ВА ОБ. Мулоҳизаҳои коршинос дар ин мавзуъ

Submitted by admin on Sun, 25/06/2023 - 17:14

Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст. Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон оғоз мешавад. Дар робита ба таърихи пайдоиш ва таҷлили ин ид  мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН бо Мушовири президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Давлат КОМИЛЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 26-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ

Submitted by admin on Fri, 23/06/2023 - 17:42

Имрӯз ба муносибати 26-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раёсат ва роҳбарони сохторҳои кумита иштирок намуданд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рӯнамоӣ карда шуд

Submitted by admin on Fri, 23/06/2023 - 11:29

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» баргузор шуда, феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рўнамоӣ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода изҳор дошт, ки самари ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми шарафманди тоҷик аст, ки имрўз Тоҷикистон ба як мамлакати пешрафта табдил ёфта, сол ба сол дар ҷумҳурӣ сатҳу сифати некуаҳволии аҳолӣ боло меравад.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд

Submitted by admin on Fri, 23/06/2023 - 11:28

«Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи милли Тоҷикистон бахшида ба 26 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид.