Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд
20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.
Иншооти нав дар масоҳати 260 метри мураббаъ бо тарҳу усули муосири меъморӣ ва мувофиқ ба меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ бунёд карда шудааст.