ҲУШДОРИ КОРШИНОС: Паҳн кардани андешаҳои экстремистӣ-террористӣ ҷиноят аст!

Submitted by admin on Mon, 17/04/2023 - 11:27

Таҷриба нишон медиҳад, ки дастовардҳои илму техника боиси пешрафти ҷомеаҳо, боло рафтани сатҳи некуаҳволии одамон ва зисти онҳо гашта, сабаби аз байн бурдани фаҳмишҳои беасос ва асримиёнагии динӣ-ифротӣ мегарданд. Мутаассифона, бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳӣ, бардоштҳои ифротӣ дар қиёс бо фаҳмишҳои илмӣ   дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳамоно ҷойгоҳи хос дорад, ки нигаронкунанда мебошад.

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад

Submitted by admin on Mon, 17/04/2023 - 11:25

Аз 4 то 7 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  Намоишгоҳи байналмилалии универсалии  «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи ин намоишгоҳ мебошад, хабар медиҳад.

Таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, роҳандозӣ ва густариши равобити тиҷоратӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар макони баргузории намоиш ва ҳамоиши соҳибкорон ҳадафи аслии намоишгоҳ  арзёбӣ мегардад.

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Имрӯз Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Submitted by admin on Sun, 16/04/2023 - 18:48

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард

Submitted by admin on Fri, 14/04/2023 - 09:21

Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.