Ҷаласаи мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти семоҳа дар соли 2023

Submitted by admin on Thu, 13/04/2023 - 08:47

12 апрели соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо то охири  сол баргузор гардид. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид кори ҷаласаро оғоз бахшида, рўзномаи онро барои баррасӣ ва қабул пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара ҷонибдорӣ гардид.

Конфронси СММ оид ба об дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ кадом вазифаҳоро гузошт? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ

Submitted by admin on Wed, 12/04/2023 - 10:18

Конфронси СММ оид ба захираҳои об аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ Дар Ню — Йорк баргузор гардид. Оё ин ба ҷаҳониён дар фаҳмидани аҳамияти об, муттаҳид кардани кӯшишҳо ва вазифаҳои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ кумак намуд ва имрӯз дар назди ҷомеаи ҷаҳон кадом вазифаҳо истодаанд? Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» профессори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пулотов изҳори андеша намуд.

Сайри осори Бедил

Submitted by admin on Tue, 11/04/2023 - 13:56

Дар толори калони Кумита бо иштироки чанде аз аъзои маҳфили «Хирадмандон» ва толибилмони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Мақоми Бедил дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ» машварати навбатӣ доир гардид. Ровӣ ихлосмандони осори яке аз намояндагони бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ шоир, насрнавис ва нобиғаи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ аллома Мирзо Абдулқодири Бедилро   хайрамақдам гуфта, сархати маҳфилро гўшзад намуд.

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кўҳаму кўтал дорам.

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов

Submitted by admin on Mon, 10/04/2023 - 12:00

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов доир гардид.

Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистони дӯст бо суханҳои таслият муроҷиат карда, дар иртибот ба реҳлати модаркалонашон ОГУЛАБАД ЭДЖЕ ба ӯ ва ҳамаи пайвандону наздиконашон таъзияи самимӣ  баён карданд.

Қаблан Пешвои миллат ба унвони Сердар Бердимуҳамедов барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.