«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Ин филм дар маконҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ба навор гирифта мешавад

Submitted by admin on Mon, 24/04/2023 - 10:28

19 апрел гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

«ПАРАСТУ–2023». Дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ доир мегардад

Submitted by admin on Mon, 24/04/2023 - 10:27

Бахшида ба 35—солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев аз 27 апрел то 4 май дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад

Submitted by admin on Mon, 24/04/2023 - 10:22

Рӯзи 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Бинобар иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад.
Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.

Дар шаҳри Душанбе «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид

Submitted by admin on Thu, 20/04/2023 - 10:15

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё дар масофаи 3 километр бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мураббиёну варзишгарони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».