Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мусоидат менамояд

Submitted by admin on Wed, 05/04/2023 - 15:52

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин дуюмин сафари сатҳи баланди роҳбарияти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бори нахуст Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 сафари расмӣ анҷом додаанд.

Имрӯз дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд

Submitted by admin on Tue, 04/04/2023 - 18:28

Табодули мол байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон соли сипаригардида беш аз 6 миллион долларро ташкил дод. Чунин гуфта шуд дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба он бо забонҳои хориҷӣ ҳамоиш баргузор гардид

Submitted by admin on Tue, 04/04/2023 - 16:48

Дар партави Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 22 то 24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти ҳамраисии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор гардид, дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки мутахассисони соҳа бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамоиши илмӣ — амалӣ доир карда шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Tue, 04/04/2023 - 16:45

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом доданд ва ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи кишти зироатҳои баҳорӣ шуниданд.