Шарҳи заминларза

Submitted by admin on Thu, 23/03/2023 - 12:47

23-юми марти соли 2023 соати 1:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.

Маркази ҷунбиши қишри замин 132-километрии қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50- километрии қисми шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва 96- километрии шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ умқи 11-километр ба қайд гирифта шудааст.

Қуваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.

Иштирок дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”

Submitted by admin on Thu, 23/03/2023 - 12:38

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, ки аз ҷониби ҳамраиси конфронс – Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида буд, иштирок карданд.

Мулоқот бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши

Submitted by admin on Thu, 23/03/2023 - 12:34

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Суханронӣ дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Submitted by admin on Thu, 23/03/2023 - 12:32

Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, шуморо дар ин чорабинии канорӣ таҳти унвони “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” хайрамақдам мегӯям.

Бо истифода аз фурсат, ҳамчунин миннатдории худро ба шариконамон – ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ иброз менамоям.