13 сол қабл ба Иди Наврўз мақоми байналмилалӣ дода шуд

Submitted by admin on Thu, 23/02/2023 - 17:33

13 сол қабл, 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 мамлакати ҷаҳон чун иди расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад. 

Наврӯз яке аз ҷашнҳоест, ки  таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 23/02/2023 - 17:08

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 23/02/2023 - 17:06

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.

Дар Душанбе оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конференсия доир карда шуд

Submitted by admin on Thu, 23/02/2023 - 17:05

«Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» — таҳти чунин унвон 20 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» хабар медиҳад.