Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ «Донаи алмос»- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 12:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Донаи алмосро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Озода Ҳазратзода дар масоҳати 4782 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Комплекси агросанотии Саховат» оғози расмӣ бахшиданд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 12:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросанотии Саховат оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи тозабунёд дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 тонна ширро дошта, 12 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд.

Дар ин ҷо тавассути технологияи нави инноватсионӣ ва ҷалби 30 коргари маҳаллӣ маҳсулоти босифат аз шири табиӣ бо тамғаи Саховат милк истеҳсол мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии хусусии «Кӯдакистони Арча»- ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 11:40

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии Кӯдакистони Арчаро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фортуна Ко, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Аркон»- ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 11:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии Арконро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Умеда Гадойбоева дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.