Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Беморхонаи клиникии рақами 1 ва ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 11:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рўи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи “Султон Урунов”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои беморхона аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи нав дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 10:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиевро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он фаъолияти 5 шуъба ва дармонгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав бори аввал дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд фаъолияти ҷарроҳихона, ҳуҷраи эҳё, наҷот ва беҳискунӣ ба роҳ монда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 10:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Опубликовано admin - вт, 18/11/2025 - 09:50

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.