Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд.