Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - вт, 27/01/2026 - 17:01

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
таъин намудани Сафарзода А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2026
№1134

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - вт, 27/01/2026 - 17:00

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарзода Анвар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2026
№АП-969

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Опубликовано admin - пт, 23/01/2026 - 20:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд

Опубликовано admin - пт, 16/01/2026 - 12:24

ДУШАНБЕ, 16.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия як қатор тағйироти кадрӣ анҷом доданд.