Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро ба истифода доданд

Submitted by admin on Thu, 18/01/2024 - 12:04

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Ахтаракон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

 

Тафсилоти бештари хабар давоми рӯз нашр мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар пойтахт иштирок намуданд

Submitted by admin on Thu, 18/01/2024 - 10:42

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

 

Иттилоъ дода шуд, ки электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.

 

«ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. АМИТ «Ховар» таҳти ин унвон пажуҳишҳои тозаи адибону олимон ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон мегардонад

Submitted by admin on Thu, 18/01/2024 - 08:41

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома»- мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажуҳишҳои тоза ба тозаи аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд.

 

МО БОЯД БО ФАРҲАНГИ ХУД ДУНЁРО ТАСХИР НАМОЕМ. Андешаҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Submitted by admin on Wed, 17/01/2024 - 14:35

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи сарвароне ҳастанд, ки ба парлумон ва мардуми ҷумҳурӣ ҳамасола Паём пешниҳод менамоянд. Ин ҳам як таҷрибаи нодири давлатдории Президенти Тоҷикистон аст, ки аз вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мардумро огоҳ ва нақшаҳои дурандешонаву ояндасозро пешниҳод менамоянд.