СТУДИЯИ САБТИ ОВОЗИ ХОНАИ РАДИО БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН ШУД

Submitted by admin on Tue, 27/12/2022 - 17:31

27 декабри соли равон бо иштироки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар студияи сабти овози Хонаи радио таҷҳизоти нав ва ба талаботи замон мувофиқ мавриди истифода қарор гирифт.

Эмомалӣ Насриддинзода: «Дар Паём таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардид»

Submitted by admin on Mon, 26/12/2022 - 12:45

Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти таърихии ин фарзанди фарзонаи миллат ба мардуми шарафманди кишвар пайваста рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Онҳо инчунин бо  дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ пешбурди сиёсати «дарҳои кушод», инчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ояндаи дурахшон ва рушду нумўи минбаъдаи кишварамон имконияти нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозанд.

Тамошои дастаҷамъии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Fri, 23/12/2022 - 13:47

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба Маҷлиси Олӣ бо Паём муроҷиат намуданд, ки ҷараёни пахши мустақими онро дар баробари дигар вазорату идораҳои мамлакат кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастаҷамъона тамошо карданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Submitted by admin on Fri, 23/12/2022 - 13:00

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.