Муроҷиатномаи ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «БАРҚИ ТОҶИК» ба муштариёни неруи барқ

Submitted by admin on Thu, 28/09/2023 - 16:59

Муштариёни азиз!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамзамон,  ҳаҷми истеҳсоли барқ ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

Submitted by admin on Thu, 28/09/2023 - 11:24

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон» ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар намуданд.

Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ бо се медал байни 45 давлат дар ҷойи 12-ум қарор дорад

Submitted by admin on Thu, 28/09/2023 - 11:22

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 45 давлати иштироккунанда дар ҷойи 12-ум қарор дорад. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ 30 сентябр ба анҷом мерасад

Submitted by admin on Thu, 28/09/2023 - 11:21

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Довталабон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ баромад менамоянд.