Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд

Submitted by admin on Sun, 18/05/2025 - 12:45

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ роҳбарони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва фаъолони ноҳияи Данғара иштирок доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Submitted by admin on Fri, 16/05/2025 - 14:38

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд

Submitted by admin on Fri, 16/05/2025 - 14:35

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар Групп» санги асос гузоштанд.

Корхонаи мазкур ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд

Submitted by admin on Sat, 10/05/2025 - 17:20

ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.