Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммити минтақавии экологӣ боздид намуданд

Опубликовано admin - ср, 22/04/2026 - 11:15

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” якҷо бо дигар сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммит боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ павилиони Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст, ки саҳми кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи иқлим нишон медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 21/04/2026 - 22:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши экологӣ дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат атрофи доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар муносибатҳои ду кишвар ва ҳам вобаста ба рӯзномаи бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 21/04/2026 - 19:38

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд

Опубликовано admin - вт, 21/04/2026 - 15:24

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.