Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 10:02

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 10:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони вохӯриро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ — 35 — умин солгарди Истиқлоли давлатӣ инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфтанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 09:14

31.08.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони гиромӣ!

Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем.

Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ, инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, кӯдаконеро, ки имсол бо шодиву сурур бори аввал ба мактаб қадам мегузоранд, шодбош мегӯям ва ба онҳо саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пн, 31/08/2026 - 09:02

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.