Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 11:15

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 10:50

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 10:35

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - ср, 26/08/2026 - 10:21

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андози ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави Нозироти андоз дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти андоз ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст.