ЭЪЛОН! 14 ва 15 март мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш карда мешавад

Submitted by admin on Thu, 14/03/2024 - 11:29

Вобаста ба дархости зиёди сокинони мамлакат рӯзҳои 14 ва 15 марти соли 2024, соати 18:30 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш карда мешавад.

 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд

Submitted by admin on Wed, 13/03/2024 - 15:37

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд

Submitted by admin on Wed, 13/03/2024 - 15:30

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

 

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.

 

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд

Submitted by admin on Wed, 13/03/2024 - 15:25

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.