ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИНСОНИЯТ. Андешаҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар ин хусус
Тоҷикистон давоми беш аз 31 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни давлатҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намуд ва феълан ҳамчун мамлакати дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чандсолаҳо муқаддам набзи ҷаҳони муосирро дарк карда, ба ташаббусҳои ҷиддӣ иқдом намуданд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пешомада бетараф набошад.