Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.