Суҳбати телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.