Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд

Submitted by admin on Sat, 30/09/2023 - 10:35

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд

Submitted by admin on Sat, 30/09/2023 - 10:33

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаи густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон самти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи давлатҳои хориҷиро барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар пойтахт даъват намуданд

Submitted by admin on Fri, 29/09/2023 - 17:15

«Мо дар ин Форум ҳавасмандиамонро дар самти амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки шаҳри Душанбе -соҳаҳои маорифу тандурстӣ, саноату энергетика, роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳо, ки ба беҳсозии инфрасохтори шаҳр, инчунин таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт равона гардидаанд, изҳор медорем».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуданд

Submitted by admin on Fri, 29/09/2023 - 15:15

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.