ҶАҲОНЕРО КУНАД ЭҲЁ МУАЛЛИМ! Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон ба 1 октябр рост омад

Submitted by admin on Mon, 02/10/2023 - 16:11

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон эълон гардидааст. Имсол ин сана ба 1 октябр рост омад. Бо дарназардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат бо гузаронидани ҳамоишу маҳфилҳои гуногун доир мегардад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба тайёр намудани омўзгорони касбӣ суҳбат намуд.

Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»

Submitted by admin on Mon, 02/10/2023 - 16:09

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 29-уми сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ солҳои охир барои беҳтар намудани суръати тараққиёти соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, ба пешравии иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон

Submitted by admin on Sat, 30/09/2023 - 10:40

Ҳамтоёни муҳтарам,

Муҳтарам хонум Катрина Клаас,

Муҳтарам иштирокчиёни Форум!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории форуми имрӯза изҳори сипос намоям.

Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мо ба шумор мераванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд

Submitted by admin on Sat, 30/09/2023 - 10:37

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.