ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!

Submitted by admin on Tue, 26/09/2023 - 10:01

Имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2022 медали тилло ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди тазаккур аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Ҳисор даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Submitted by admin on Tue, 26/09/2023 - 10:00

Аз шаҳри Ҳисор дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»  27 нафар  довталаб иштирок намуда, 2 нафар бо гирифтани ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм ба даври ниҳоӣ-ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид

Submitted by admin on Tue, 26/09/2023 - 10:00

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки ба даври вилоятӣ 1337 нафар роҳхат гирифта,  фаъолони озмун аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иштирок доранд.

Намояндаи Тоҷикистон давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Конфронси Душанбе даъват намуд

Submitted by admin on Mon, 25/09/2023 - 10:36

21 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.