Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва Раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуданд
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва Раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Дар рафти суҳбат масоили ҳамкорӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду давлат баррасӣ шуд.