ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛИ ҶАҲОНӢ. Пешниҳодҳо ва саҳми дурахшони Президенти Тоҷикистон дар масъалаи пешгирии маҳви пиряхҳои сайёра назаррас аст
Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иклим, аз чумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёде пайдо намуда, ҳалли ин мушкил ва масъалаи муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи башарӣ гузоштаанд. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар матлаби хеш.