ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023

Submitted by admin on Sat, 31/12/2022 - 13:40

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд

Submitted by admin on Wed, 28/12/2022 - 14:46

28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба муносибати иди касбӣ  шодбош гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои муҳиму пурмасъули ҳифзу таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик барору комёбиҳо таманно намуданд.

СТУДИЯИ САБТИ ОВОЗИ ХОНАИ РАДИО БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН ШУД

Submitted by admin on Tue, 27/12/2022 - 17:31

27 декабри соли равон бо иштироки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар студияи сабти овози Хонаи радио таҷҳизоти нав ва ба талаботи замон мувофиқ мавриди истифода қарор гирифт.

Эмомалӣ Насриддинзода: «Дар Паём таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардид»

Submitted by admin on Mon, 26/12/2022 - 12:45

Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти таърихии ин фарзанди фарзонаи миллат ба мардуми шарафманди кишвар пайваста рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Онҳо инчунин бо  дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ пешбурди сиёсати «дарҳои кушод», инчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ояндаи дурахшон ва рушду нумўи минбаъдаи кишварамон имконияти нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозанд.